НОМАИ СИПОСИ ВАЗОРАТИ ТИҶОРАТИ ЧИН БА ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 13, 2008 12:45

          Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ«Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурӣ Шариф Саид бо мушовири масъалаҳои тиҷорату иқтисодиёти сафорати Чин дар Тоҷикистон Ван Чунган мулоқот кард. В.Чунган ба раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон номаи сипоси вазорати тиҷорати мамлакаташро супурд.         Дар нома ба раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷонибааш дар ташкилу гузаронидани намоишгоҳи муштараки тиҷоратию сармоягузории Чин ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 28 июл то 1 августи соли равон қабл аз сафари расмии раиси давлати Чин ба Тоҷикистон изҳори сипос карда мешавад. Дар нома гуфта мешавад, ки намоишгоҳи мазкур дар давоми солҳои охир намоишгоҳи калонтарин ва сердаромадтарин буд.Чунин намоишгоҳҳо барои равнақу ривоҷи муносибатҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар заминаи хуб муҳайё месозанд.         Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми намоишгоҳи мазкур ба маблағи 197 миллион доллари ИМА бештар аз сад созишномаю қарордод ба имзо расид. Мусоҳибон иштироки фаъолонаи намояндагони Тоҷикистонро дар ярмаркаи 17 — уми Урумчи зикр намуданд. Паймон карда шуд, ки ҳамкории ҳар ду ҷониб дар ташкилу гузаронидани чунин намоишгоҳҳо вусъат дода хоҳад шуд.  

Сентябрь 13, 2008 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд