ОЗМУНИ НАВБАТИИ «ПАНҶ СИТОРАИ ИНТЕРВИЗИОН» ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). – Намояндаи Тоҷикистон Таҳмина Ниёзова дар озмуни байналхалқии овозхонони ҷавон «Панҷ ситораи интервизион» ғолиб омад, ки дар шаҳри Сочи баргузор гардид. Таҳмина Ниёзоваи 19 – сола инчунин, ҳамчун иштирокчии ҷавонтарини озмун сазовори ҷоиза дониста шуд. Маросими супурдани ҷоизаҳои озмун дирӯз, 31 август баргузор гардид. Намояндаи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии тамошобинон баъди се рӯзи озмун соҳиби 216 хол гардид, ки аз пешсафи намояндагони Русия — дастаи ҳунарии «Кватро» ҳамагӣ як хол зиёд аст. Ҳунарпеша рӯзи аввали озмун суруди «Занги телефон», рӯзи дуюм суруди Лариса Долина «Наргиси зери барф» ва рӯзи сеюми озмун суруди Мариан Карей «Херо» -ро пешкаши тамошобинон намуд. Таҳмина зимни гирифтани ҷоизаи асосии озмун изҳор намуд, ки ин орзуи ягонаи ӯ буд ва ба мақсадаш расид. Мувофиқи қоидаҳои озмун, озмуни навбатии «Панҷ ситораи интервизион» дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






