ПОСГОҲИ САРҲАДӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар ҳудуди вилояти Хатлон, дар минтақаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баъди таъмири куллӣ посгоҳи сарҳадии «Сари ғор» кушода шуд. Барои тармими посгоҳи мазкур Шӯъбаи назорати маводи нашъадор ва таъмини тартиботи қонуни сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон 425 ҳазор доллар ҷудо кард. Дар маросими ифтитоҳи посгоҳи сарҳадӣ сардори Ситоди кулли артиши марзбони Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майор Шараф Файзуллоев, намояндаи муваққатии ИМА дар Тоҷикистон Ниша Квост ва дигарон ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Шӯъбаи назорати маводи нашъадор ва таъмини тартиботи қонуни сафорати ИМА дар Тоҷикистон соли 2007 посгоҳҳои сарҳадии «Боғ» ва «Баҳорак» — ро тармим карда буд. Айни ҳол бо маблағи сафорати Амрико дар минтақаи Шӯрообод се посгоҳи сарҳадӣ тармим карда мешаванд. Сафорати ИМА дар оянда тармими бинои гузаргоҳи сарҳадии «Қулма» — ро дар сарҳади Тоҷикистону Чин ва бинои гузаргоҳи сарҳадии «Қизиларт» — ро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба нақша гирифтааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






