ПОСИ ХОТИРИ ҚУРБОНИЁНИ АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯз дар саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои поси хотири қурбониёни амалиёти террористии моҳи сентябри соли 2001 ҷамъомадҳои гуногун баргузор мегарданд. Дар ин ҷамъомадҳо Президенти ИМА Ҷ.Буш ва роҳбарони дигари мамлакат ширкат меварзанд. Ёдовар мешавем, ки террористон 7 сол пеш, 11 сентябри соли 2001 дар ИМА ҳавопаймоҳои мусофирбарро рабуда, онҳоро зимни парвоз ба бинои Маркази тиҷорати байналхалқии Ню –Йорк ва бинои панҷгӯшаи вазорати мудофиаи ИМА дар Вашингтон равона карда буданд. Дар натиҷаи ин амалиёти террористӣ қариб 3 ҳазор сокини маҳаллӣ ҳалок шуд. Имрӯз дар бинои сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба ин муносибат байрақи давлатии ИМА нимафрохта хоҳад шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






