ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ НИСБАТИ Д. АТОВУЛЛОЕВ ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ КУШОД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилӣ 23 сентябр нисбати муассиси нашрияи «Чароғи рӯз», роҳбари ҷунбиши «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ кушод. Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои 307 (даъвати оммавӣ ба зӯран тағйир додани сохти конститутсионии ҷумҳурӣ) ва 137 (таҳқири оммавии Президенти Тоҷикистон ва тӯҳмату бӯҳтон нисбати ӯ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд. Роҳбари дафтари матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев зикр кард, ки Додоҷон Атовуллоев ҷустуҷӯ карда, айни ҳол барои дастгир намудани он тадбирҳо андешида мешаванд. Бояд гуфт, ки Прокурори генералии ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов моҳи июл зимни нишасти матбуотӣ Д.Атовуллоевро, «террористи иттилоотӣ» номида буд ва ҳамон вақт аз ҷумла, зикр карда буд, ки Д.Атовуллоев дур аз ватан, дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда, дар хабару мақолаҳояш шаъну шараф ва эътибори миллати тоҷикро паст зада, шӯҳрати давлати тоҷиконро таҳқир менамояд. «Д.Атовуллоев шахси беватан буда, ҳеҷ гоҳ роҳбари ягон созмон нахоҳад гашт», — гуфта буд Бобоҷон Бобохонов. Вай ҳамон вақт таъкид карда буд, ки агар Д.Атовуллоев тӯҳмату бӯҳтони худро идома диҳад, мо маҷбур мешавем, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоем. Д.Атовуллоев ҳатман дастгир карда мешавад ва дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод, гуфта буд прокурори генералӣ.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






