РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРКМАНИСТОН СОЛИ ОЯНДА МЕГУЗАРАНД
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба муҳбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон соли оянда баргузор карда мешаванд. Тибқи паймони қаблан бадастомада, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин мамлакат мебоист нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон баргузор мегашт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маркази эҷодии «Илҳом» ба Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ҳамаҷониба тайёрӣ дид. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон барномаи калони консертӣ таҳия карда шуд, театри драммавии ба номи Маяковский ду намоишномаро таҳия намуд, дар студияи «Тоҷикфилм» насби наворҳои кино анҷом дода шуд. Дар маркази эҷодии «Илҳом» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки сабаби мавқуф гузоштани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронидани интихобот дар Туркманистон мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






