РУШДИ СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ ДАР ШУҒНОН
Душанбе 12 сентябр (АМИТ «Ховар», Л. Додоев, Фарангис Раҳимова). – Дар ноҳияи Шуғнон ба рушди соҳаи чорводорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳоло дар хоҷагиҳои ноҳия 56 ҳазору 518 сар бузу гӯсфанд ва 24 ҳазору 169 сар гову гӯсола парвариш карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1994 сар бузу гӯсфанд ва 600 сар гову гӯсола бештар аст. Истеҳсоли маҳсулоти чорво низ афзуд. Чорвопарварони ноҳия дар тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ 1170 сентнер гӯшт ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 22 сентнер бештар аст. Дар ноҳия нисбат ба соли 2007 истеҳсоли шир 340 сентнер, асал 4 сентнер ва тухми мурғ 3000 дона афзуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






