С. ЛАВРОВ ҲАМРОХОН ЗАРИФИРО БА МУНОСИБАТИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТАБРИК НАМУД
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Ба муносибати 17 — солагии Иди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ аз номи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳамсоя ва дуру наздик барқияҳои шодбош мерасанд. Аз ҷумла дар барқияи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта мешавад: «Дар Русия ба муносибатҳои ҳақиқии иттифоқчигӣ ва шарокати стратегӣ бо Тоҷикистон баҳои баланд дода мешавад. Бо камоли қаноатмандӣ зикр карданиам, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо босуръат густариш меёбанд. Дар ин бора мунтазам густариш ёфтан ва такмил додани заминаи қонунии ҳамкорӣ, таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои муштараки иқтисодӣ, хусусан дар соҳаи гидроэнергетика равшан шаҳодат медиҳанд. Боварӣ дорам, ки кӯшишҳои муштараки давлатҳоямон барои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Русия аз ҷумла дар соҳаи ҳарбию техникӣ дар таҳкими сулҳу суботи Осиёи Марказӣ саҳми калон хоҳанд гузошт». Вазири корҳои хориҷии Арманистон Эдуард Наълбандян менависад, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳусни тафоҳум барои равнақӯ ривоҷи ҳамкории ҳар ду кишвар ба манфиати халқҳои онҳо заминаи мустаҳкам мебошад. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Мутаққӣ зикр мекунад, ки муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистон сол то сол густариш ёфта, натиҷаи ҳамкории онҳо торафт бештар ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар истифода карда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






