«САЙРИ ХАРБУЗА» ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раёсати кишоварзии вилоят дар боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» иди «Сайри харбуза» баргузор гардид. Дар он раиси вилоят Қ.Расулзода иштирок намуд. Сабзавоткорони ноҳияи Зафаробод ба озмуни харбузапарварон харбузаи вазнинтаринро пешниҳод карданд, ки вазни он 13 килограмму 960 грамм буд. Деҳқонони зафарободӣ дар озмуни мазкур ҷойи аввалро гирифта, соҳиби телевизори ранга гардиданд. Ба соҳибони ҷойҳои дуюм ва сеюм видеомагнитофон ва қолин тӯҳфа карда шуд. Занбӯрпарварони беҳтарин низ сазовори мукофотҳо гардиданд. Дар фарҷоми ид маҳсулоти кишоварзӣ пешкаши харидорон гардонда шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






