САРАЗМ – ҚАДИМТАРИН ЁДГОРИИ МАРДУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Сентябрь 12, 2008 12:02

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои 2003-2008 панҷ ёдгории шаҳристони Саразм дар шаҳри Панҷакент болопӯш ва атрофи он бо панҷара иҳота карда шуда, бо ин мақсад аз хазинаи эҳтиётии Президент 1,2 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Қобили қайд аст, ки шаҳраки Саразм қадимтарин ва куҳантарин ёдгории мардуми Осиёи Марказӣ буда, дар бораи маданияти кишоварзиву шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёогонамон ҳикоят мекунад. Дар ин ҷо бештар иморатҳои маъмурӣ, ки то 100-106 метри мураббаъ масоҳат доранд, сохта шуда, атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хоҷагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота намуда, онҳоро кӯчаю паскӯчаҳои баъзан сангфарш ё регфарш аз ҳам ҷудо менамоянд. Биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар самти ҷанубу шарқии шаҳристон, дӯконҳо ва устохонаҳои ҳунармандӣ бошанд дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои марказӣ ҷой гирифтаанд. Ибодатхонаҳо ақоиди мазҳабии сокинони Саразмро ифода мекунанд. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташкадаҳои чоркунҷа ва мудаввар сохта шудаанд. Аз рӯи маълумоти муҳаққиқони ёдгqрии таърихии Саразм масоҳати онро то 90 гектар ва шумораи аҳолии онро то 8 ҳазор нафар муаӣян намудаанд. Дар Саразм аломатҳои пайдоиши аввалин шаҳрҳоро мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ҷумла, биноҳои хушсохт, кӯчаҳои сангфарш, нобаробарӣ дар молу мулкдорӣ ва ҷудошавии ҷомеа ба табақаҳои иҷтимоӣ, равнақу ривоҷи босуръати тиҷорат, растаҳои ҳунармандӣ, ба соҳаҳо тақсимшавии меҳнат, аз қабили кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заршӯиву заргарӣ, бофандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ ва ғайраҳо, ки рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорию шаҳрсозии осиёгӣ мебошанд. Миқдори зиёди бозёфтҳои моддии аз минтақаҳои дигар овардашуда, чун лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси маданияти Булӯҷистону Сиистони Афғонистон ва ғайраҳо бо роҳи тиҷорат ба Саразм ворид гаштаанд. Аз сӯи дигар саразмиён паҳнкунандагони лоҷувард ва асбобу анҷоми фулузии Шимолу Шарқи Осиёи Марказӣ, бахусус тиллову нуқра, мису қӯрғошим ба самти Ҷанубу Шарқи Осиёи Марказӣ будаанд. Дар ин маврид ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омезишёбӣ ва такомули маданиятҳои ақвоми ориёӣ ба назар мерасад. Тӯли солҳои мавҷудияти худ Саразм ҳамчун яке аз марказҳои қадимтарини фарҳанги Осиёи Марказӣ дар ташаккулёбӣ ва рушду густариши фарҳанги ориёӣ нақши бузург бозидааст. Бузургии мавқеъ ва мақоми ёдгории Саразми Панҷакент байни ёдгориҳои қадими кишоварзии Шарқи Миёна маҳз дар ҳамин аст.

Сентябрь 12, 2008 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид