САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ТАШРИФ ОВАРД

Сентябрь 10, 2008 16:26

10 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 1150 – солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф овард. Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Панҷакент дар деҳаи Панҷрӯд-зодгоҳи поягузори шеъру адаби тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз ёфт. Мардуми шеърдӯсту меҳанпарасти Панҷакенти бостонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому муҳаббати хосса ва арҷгузорӣ ба сиёсати бобарору пурмаҳсули давлатдории миллӣ самимона истиқбол гирифтанд. Дар деҳаи Панҷрӯд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи маҷмӯи иншооти мақбара ва нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок ва дар назди меҳмонони сершумори дохилию хориxӣ суханронӣ намуд. Чунонки маълум шуд, бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҷудо гаштани беш аз шаш миллион сомонӣ оромгоҳи устод мувофиқи тарҳи меъмории биноҳои асри даҳи милодӣ ва тақозои истиқлолу давлатдории миллӣ мувофиқ карда шуда, осорхонаю чойхонаи ҳудуди оромгоҳ тармиму бозсозӣ гардидааст ва дар назди он нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шудааст. Тибқи нақшаҳои оянда дар ин ҷо боғи наве ҳам бунёд карда мешавад. Чунонки аз сӯҳбатҳо аён шуд, зиёрати оромгоҳи одамушшуаро, султони шоирони Аxам Абeабдуллоҳи Рӯдакӣ ва иштирок дар ифтитоҳи иншооти нави атрофи он боиси шодию сарфарозии меҳмонони огоҳу қадршиноси дохилию хориxӣ гаштааст. Дар маҳфили адабие, ки дар назди маҷмӯъи мақбара ва осорхонаи Рӯдакӣ баргузор гашт, баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Бунёди фарҳангии Рӯдакии Фаронса Масъуди Миршоҳӣ ва чанде аз пирони барнодили деҳаи Панҷрӯд низ суханронию шеърхони карданд. Шеърхонию шеърндонии мусафедони ҳамдеҳаи Рӯдакӣ, ки ба устод монандии зиёд доранд, ҳамагонро мафтун намуд. Баъди иштирок дар тантанаҳои идонаи деҳаи Панҷрӯд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Панxакент ташриф овард ва дар маросими ифтитоҳи осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки осорхона дар доираи омодагӣ ба ҷашни Рӯдакӣ ва баъди бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон xудо гаштани 880 ҳазор сомонӣ пурра мавриди азнавсозӣ қарор гирифт. Ҳоло осорхона аз 8 толори калон иборат буда, дар онҷо осори шаҳри бостонии Саразм, Панҷакенти қадим, давлати Сомониён, ёдгориҳои Рӯдакӣ, экспонатҳои этнографӣ, осори Тоҷикистони Шӯравӣ ва давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тамошои ҳаводорону дeстдорони таъриху фарҳанги пурғановати миллати куӯанбунёди тоҷик пешкаш гаштаанд. Дар кӯчаҳои шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сершумори ҷашнҳои фархундаи миллӣ шоҳиди намоиши бошукeҳи маҳсули ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ин шаҳри куҳанбунёд гашта, аз самараи завқу салиқаи баланди онҳо як ҷаҳон тассуроти дилоро бардоштанд. Бегоҳии рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент ҳунармандони маъруфи театру кино ва устодони рақсу суруди Тоҷикистон намоиши бошукӯҳи театрикунондашуда ва консерти рангоранги идона барпо намуда, хотири ҳазорон нафар меҳмонону сокинони Панҷакенти бостониро болида карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Сентябрь 10, 2008 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад