САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ОҒОЗ БАХШИД
Хуҷанд, 9 сентябр (Бекназари Абубакр АМИТ «Ховар») — 9 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон дар шаҳри Хуҷанд дар маросими расман кушодашавии корхонаи муштараки ресандагии Нику-Хуҷанд иштирок кард. Ин корхона тибқи дастури Сарвари давлат ҳангоми сафараш ба вилояти Суғд дар моҳи марти соли ҷорӣ ва бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ «Дар бораи барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» бунёд гардидааст. Корхонаи Нику-Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ширкати «Хуҷанд-инвест-котон»-и Тоҷикистон ва ширкати «Нику-Групп»-и Эрон бунёд гардида, барои коркарди 3 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол пешбинӣ шудааст. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ додаанд, ки таи соли равон ва соли оянда дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен ба кор андохтани се корхонаи коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






