СЕКТОРИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ МЕСОЗАД

Сентябрь 4, 2008 10:42

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳи январ – июни соли 2008 масоҳати умумии биноҳои ба истифода додашуда дар вилояти Суғд 104005 метри мураббаъ ё 48,1 фоизро ташкил дод. Дар вилояти Хатлон бошад сохтмони биноҳои истиқоматӣ нисбат ба вилояти Суғд камтар аст. Дар ин вилоят ҳамагӣ 74402 метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ сохта шудааст. Сохтмони чунин иншоот дар шаҳри Душанбе нисбат ба вилояти Хатлон боз ҳам камтар аст. Дар давоми нимсолаи соли 2008 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ ба андозаи 28424 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудааст . Боиси тазаккур аст, ки биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан сектори ғайридавлатӣ ва қисми зиёди онро (87,6 фоиз онро) аҳолӣ бунёд мекунад.

Сентябрь 4, 2008 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид