ШУМОРАИ САЙЁҲОН ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН МЕАФЗОЯД

Сентябрь 17, 2008 09:14

Душанбе, 17  сентябр. (АМИТ «Ховар»,   Пайрав Назаров). —  16  сентябр дар  Кумитаи  кор  бо ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии назди  Ҳукумати  чумҳурӣ бо ҳамоҳангсози  СММ дар  Аврупо   дар  соҳаи  туризм Эдуард  Файос     Сола   мулоқот  баргузор  гардид. Намояндаи  СММ  дар  ҳузури  ҷамъомадагон дар  бораи  вазъи  соҳаи  туризм  дар   саросари  ҷаҳон дар соли  2007 маърӯза  кард. Вай  зикр  намуд, ки  соли  гузашта  теъдоди  сайёҳон дар  саросари  ҷаҳон  нисбат  ба  солҳои  гузашта  афзуда,  ба 898  миллион  нафар  расид. Ин  нисбат ба  соли  2006 – ум  52  миллион  нафар  зиёд  мебошад.        Дар  маърӯза  гуфта  мешавад, ки  теъдоди  бештари  сайёҳон  соли гузашта дар   мамлакатҳои  Шарқи  Наздик ба  қайд  гирифта шуданд.  Дар  ҷойи  дуюм  минтақаи  Осиё  ва  ҳафзаи  уқёнуси  Ором ва  дар  ҷойи  сеюм  мамлакатҳои  Африқо  карор  доранд.           Мухбири  АМИТ  «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  соли  2007 узви  Созмони  ҷаҳонии  сафару  сайёҳат  гардида буд. Эдуард  Файос Сола  дар  СММ   сарпарасти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошад.

Сентябрь 17, 2008 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид