ТӮФОНИ БАҲРӢ БА СОҲИЛҲОИ ҶАНУБИИ ЧИН НАЗДИК МЕШАВАД

Сентябрь 24, 2008 14:52

Пекин, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — «ИТАР – ТАСС»). — Тӯфони  баҳрии  «Хагупит», ки  дар  уқёнуси  Ором   ба  вуҷуд  омада буд,  айни  ҳол  ба соҳилҳои  ҷанубии  Чин  наздик  мешавад. Тӯфон  ҳоло  аз  соҳилҳои  ҷанубии  Чин  дар  масофаи  380  километр  қарор  дорад. Тибқи  хабарҳои  расида,  дар  маҳалҳои  истиқоматии  ҷануби  Чин  боғчаҳои  бачагона   ва  мактабҳо  баста  шуданд.             Мақомоти  дахлдори  вилоятҳои  сераҳолии  Гуандун  ва  Гуанси – Чжуанси  барои  то  ҳадди  имкон  кам  кардани  зарари  тӯфон  тадбирҳо  меандешанд. Ба  қавли  ҳавошиносон,  тӯфони  мазкур   ба  киштиҳои  моҳидорие  хавфи  калон  дорад, ки  айни  ҳол  дар  баҳри  Чини  ҷанубӣ  ба  шикори моҳӣ  машғуланд. Ба  киштиҳо  дастур  дода шудааст, ки  фавран  ба  бандарҳо  баргарданд.

Сентябрь 24, 2008 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид