ТАҶЛИЛИ БОТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 9 сентябри соли ҷорӣ дар бинои меҳмонхонаи «Ӯзбекистон»-и шаҳри Тошканд бахшида ба 17-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили бошукӯҳ ороста шуд. Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мухбири АМИТ Ховар хабар доданд, ки дар зиёфат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э. Шоисматов, кормандони Сенат ва Палатаи қонунгузории Маҷлиси олӣ, Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату кумитаҳо, олимони Академияи илмҳо, муаллимони мактабҳои олӣ, шоирону нависандагон, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон аз тамоми гушаву канорҳои Ӯзбекистон иштирок намуданд. Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Бобохон Маҳмадов баъди садо додани сурудҳои миллии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бахшида ба 17-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон маърӯза кард. Дар маърӯза роҷеъ ба муваффақиятҳои амалӣ намудани сиёсати дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои азим, кӯшишҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини мустақилияти озуқаворӣ, беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум ва дустии азалии халқҳои тоҷику ӯзбек сухан рафт. Барои боз мутантан ва ҷолиб гузаронидани ҷамъомад гурӯҳи ҳунарии ҳофизи шинохтаи тоҷик Далер Назаров, аҳли санъат аз аксари вилоятҳои Ӯзбекистон, аз қабили Ҳунарпешаи халқии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Мардон Мавлонов, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Атовуллоев, ҳофизи хушсалиқа Салимҷон Ғиёсов аз шаҳри Самарқанд, гурӯҳи санъаткорон аз шаҳри Бухоро таҳти роҳбарии Олияхон Ҳасанова, санъаткорони мумтоз аз шаҳри Тошканд, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мунира Муҳаммадиева, ҳофизаи хушхон Гулчеҳра Бақоева ва раққосаҳои ансамбли «Баҳор»-и Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






