ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Сентябрь 22, 2008 12:17

Душанбе, 21 сентябри (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Корҳои таъмири роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои Нуробод ва Рашт босуръат идома дорад. Дар ин бобат аввали соли ҷорӣ байни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ватании «Роҳсоз-7» ва «Сомон-7» шартнома ба имзо расида буд. Инчунин, дар километри 12 –уми роҳ аз тарафи мутахассисони Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ корҳои татдқиқотӣ, таҳрезӣ ва лоиҳакашӣ ба анҷом расонида шуда, барои таъмири ин қитъа аз тарафи Фонди ОПЕК ҷиҳати гузаронидани маблағи 3,5 миллион доллари амрикоӣ розигӣ дода шудааст. Созишномаи қарзи байни Ҳукумати ҶТ ва Фонди ОПЕК 21 апрели соли ҷорӣ ба имзо расида буд. Барои интихоби пудратчии байналхалқӣ 22 майи соли равон озмун эълон гардида буд ва мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 2 июли соли ҷорӣ муқаррар шуда, 4 августи соли ҷори байни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэшн» Ҷумҳурии Мардуми Чин бо тариқи озмун шартнома ба имзо расид. Алҳол беш аз 38,000м³ корҳои заминӣ иҷро гардид. Шумораи умумии коргарон дар лоиҳа — 348 нафар, аз ҷумла коргарони маҳаллӣ — 159 нафар, коргарони хориҷӣ — 189 нафар.Шумораи умумии техника ва таҷхизот — 161 адад, аз ҷумла маҳаллӣ – 24 адад, хориҷӣ – 137 адад кор бурда истодаанд.

Сентябрь 22, 2008 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид