ТАНБЕҲИ ҚАТЪӢ БА ДИРЕКТОРИ КВД «ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ»

Сентябрь 29, 2008 16:56

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 29 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев маҷлиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.Котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар маҷлис қабл аз ҳама таваҷҷўҳи масъулин ба вазъи санитарию экологии шаҳр ҷалб карда шуд. Дар ин хусус сардухтури  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр Зиёвуддин Авғонов ҳисобот дод. Вай зикр кар, ки мувофиқи дастурҳои раиси шаҳр дар ин самт  корҳои назоративу профилактикӣ ба таври доимӣ ҷараён доранд. Бо вуҷуди мўътадил будани вазъи санитарии пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шахсони масъул супориш дод, ки ҳамроҳи раисони ноҳияҳо вазифаҳои ба зимма гирифтаашонро иҷро карда, ба баландшавии маърифати экологии сокинон ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо мусоидат кунанд. Котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе афзуд, ки бо дахли масоили таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ ва муносибат бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар КВД «Обу корези Душанбе» ахбороти прокуратураи шаҳр аз натиҷаи санҷишҳои анҷомгирифта шунида шуд.  Бо назардошти ахборот ва роҳ додан ба камбудиҳову саривақт таъмин накардани иҷрои талаботи қонунгузории кишвар оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ва кор бо муроҷиатҳо ба директори КВД «Обу корези Душанбе» Аъзам Табаров танбеҳи охирин  эълон намуда, таъқид карда шуд, ки дар сурати беҳбуд наёфтани вазъ дар фаъолияти корхона нисбат ба ў тадбирҳои қатъии ташкилӣ андешида мешаванд. Раиси шаҳр дастур дод, ки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр,  мудири шўъбаи марбутаи шаҳрдорӣ ҳар моҳ як маротиба ва прократураи шаҳр ҳар се моҳ як маротиба дар бораи кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар тамоми сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ маълумот диҳанд. Муовини аввали раиси шаҳр Абдусаттор Сулаймонов дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон маълумот дод. То фарҷоми мавсими сармо таҳти раёсати бевоситаи Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар ҳафта рўзҳои шанбе маҷлиси ситоди шаҳрӣ доир ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ бобати таблиғу фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ ва кам кардани талафоти барқи интиқолшаванда гузаронида мешавад.Ш. Саидов зикр кард, ки бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳо директори ККВД «Автобус-1» Исо Асоев аз вазифа сабукдўш гардида, ба ҷои ў Фирдавс Саидов таъин гардид, ки дар вазифаи директори ККВД «Троллейбус» кор мекард. Инчунин, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ба директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Хуршед Кабиров танбеҳ эълон карда, барои ислоҳи камбудиҳо ба ӯ 45 рўз мӯҳлат дода шуд.Ғайр аз ин, дар маҷлис масъалаи вусъати корҳои сохтмонӣ дар шаҳр барасӣ карда шуд.

Сентябрь 29, 2008 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад