ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР ПЕКИН ҶОИ ОХИРИНРО ИШҒОЛ НАМУД
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Иштироки варзишгардухтари тоҷик Зайтуна Розиқова дар Бозиҳои тобистонаи Олимпии варзишгарони маъюб дар Пекин барор нагирифт. Вай дар мусобиқаи варзишгардухтарони вазнбардор иштирок намуда, дар байни 9 нафар варзишгар ҷои охиринро ишғол намуд. Дар ин мусобиқа медали тилло насиби намояндаи Нигерия Люси Огечуква Еджика гардид. Ба ӯ муяссар шуд, ки штангаи вазнаш 130 килограмаро бардорад Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи Олимпии варзишгарони маъюб ду нафар иштирок доранд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Хайрулло Абдураҳимов 13 сентябр дар қувваозмоии вазнбардорон иштирок хоҳад кард.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






