ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ МАЪЮБОНИ ПЕКИН ШИРКАТ МЕВАРЗАНД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ҳайати ду нафар варзишгар барои иштирок дар Бозиҳои олимпии маъюбон ба Пекин рафт. Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди вазнбардорӣ иштирок мекунанд. Раиси Кумитаи параолимпии Тоҷикистон Сафар Боев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шарафи варзиши Тоҷикистонро дар Пекин Зайтуна Розиқова ва Хайрулло Абдураҳимов ҳимоя хоҳанд кард. Бозиҳои 13 — уми олимпии маъюбон дар Пекин аз 6 то 17 сентябр давом мекунад. Дар он аз 150 мамлакати ҷаҳон қариб 4 ҳазор варзишгар аз рӯи 20 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунанд. Ширкати «Ориан групп» — и Аморатҳои Муттаҳидаи Араб барои рафту омади варзишгарони тоҷик ба Пекин ва иштироки онҳо дар олимпиада маблағ ҷудо кард. Тарҷумон — Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






