ЯРМАРКАИ ҚАЛБАКӢ

Сентябрь 3, 2008 11:49

           Душанбе, 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сокинони шаҳр чанд сол боз шоҳиди як иқдоми хуби шаҳрдорӣ гардиданд. Дар пойтахти кишвар дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе гузаронидани намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳукми анъана даромадааст.          31 август ноҳияи Ҳисор ярмаркаи навбатии маҳсулоти кишоварзии худро дар бозори Қарияи Боло ташкил дод. Тибқи иттилои директори бозор Валӣ Давлатов ноҳияи Ҳисор дар ин рӯз 15 тонна маҳсулоти кишоварзиро пешкаши харидорон намуд, аммо дар асл он аз 7-8 тон зиёд набуд. Баробари ин ба сифати маҳсулот касе диққат намедод. Маҳсулоти ба бозор воридшуда бо сифати хеле паст пешкаши харидорон карда шуд. Фурӯшандаҳои аз одоби муошират дур таъби дили мардумро низ хира месохт.          Ба зами ҳамаи ин, нархҳои аз тарафи комиссия муайяншуда, ҳинни савдо риоя намешуданд. Ҳамаи ин корҳо аз қалбакӣ будани ярмаркаи онрӯза, ки ноҳияи Ҳисор баргузор намуд, далолат менамуд.  

Сентябрь 3, 2008 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд