ЮНЕСКО БА ШАҲРВАНДИ ҶТ УНВОНИ «ҲУНАРПЕШАИ ҶАҲОН» — РО ДОД
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — 17 сентябр дар қароргоҳи марказии ЮНЕСКО дар Париж маросими эҳдои унвони ифтихории «Ҳунарпешаи ҷаҳон» ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Аминов баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки унвони фахрии «Ҳунарпешаи ҷаҳон» ба ходимони ҷамъиятии мамлакатҳои ҷаҳон барои саҳми бузургашон дар амалӣ сохтани ғояҳои сулҳ ва сабру таҳаммул дода мешавад. Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ягона мамлакатест, ки намояндаи он ба чунин унвони олии байналхалқӣ сазовор гардидааст. Дар маросими супурдани диплом ба А.Аминов директори генералии ЮНЕСКО, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия Саймӯмин Ятимов, ходимони намоёни ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммавии Фаронса ҳузур доштанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






