ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ ВА РАСУЛ БОҚИЕВ САЗОВОРИ ОРДЕНИ «ШАРАФ» ГАРДИДАНД

Сентябрь 2, 2008 16:29

           Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Барандагони ҷоизаҳои Бозиҳои 29 — уми тобистонаи олимпӣ дар Пекин Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев сазовори орденҳои «Шараф» дараҷаи якум гардиданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба 150 нафар кормандони муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат саҳми калон гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ супорид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Юсуф Абдусаломов дар маросими супоридани мукофот ҳузур надошт. Вай айни ҳол дар Доғистон мусофират дорад.           Ёдовар мешавем, ки соҳибкорони тоҷик қабл аз ин ба Ю.Абдусаломов ва Р.Боқиев мошинҳои сабукрави «Тойёта» тӯҳфа карда буданд.                                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А.  

Сентябрь 2, 2008 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд