ЗИЛЗИЛА ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз соати 9-у 24 дақиқа дар Тоҷикистон замин сахт ҷунбид. Муовини директори Пажӯҳишгоҳи иншооти ба зилзила тобовар ва зилзиласанҷӣ Нусратулло Саломов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки аз рӯи маълумоти пешакӣ маркази заминларза дар масофаи 135 километрии самти ҷанубу шаркии шахри Душанбе воқеъ буда, қувваи он тақрибан 6 баллро ташкил дод. Қувваи зилзила дар шаҳри Душанбе қариб ба 4 бал баробар шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки то ҳол дар бораи хисороти заминларза маълумоте ба даст наомадааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






