ЗОИРОН ҲАНӮЗ АЗ ХУҶАНД БА МАШҲАД ПАРВОЗ НАКАРДААНД

Сентябрь 25, 2008 16:36

              Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Гурӯҳи зоирони тоҷик ҳанӯз аз майдони ҳавоии Хуҷанд ба шаҳри Машҳад парвоз накардаанд. Тавре аз корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусофирони мазкур раводиди транзитӣ надоранд. Бинобар ин вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳавопаймои онҳоро қабул накардааст. Ташкилкунандаи сафари онҳо ба ҷойҳои муқаддаси ислом ширкати «Евротур» мебошад.              Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои ширкати «Тоҷик эйр» 23 сентябр ба майдони ҳавоии Хуҷанд фуруд омад. Ҳавопаймои мазкур барои ба Машҳад бурдани гурӯҳи зоирон киро карда шуда буд. Вале ҳавопаймо бештар аз як шабонарӯз боз аз Хуҷанд парвоз карда наметавонад. Дар майдони ҳавоии Хуҷанд 97 нафар интизори ҳавопаймо мебошанд. Тибқи нақша, зоирин бояд аз Хуҷанд ба Машҳад ва аз он ҷо ба шаҳри Ҷидда парвоз кунад.Ҷониби Эрон хабар дод, ки зоирини тоҷикро 40 — нафарӣ дар давоми се рӯз ба Машҳад мерасонад.

Сентябрь 25, 2008 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид