ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲР ҶИҲАТИ САРФАИ ҚУВВАИ БАРҚ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар бораи чораҳои иловагии таъмини истифодаи сарфакорона ва самараноки хизматрасониҳои муҳандисиву коммуналӣ дар шаҳри Душанбе» комиссияи ҷамъиятии шаҳрӣ доир ба таъмини истифодаи самараноки захираҳо ва сарфаи энергия, хизматрасониҳои муҳандисиву коммуналӣ таъсис дода мешавад. Аъзои комиссия ҳамроҳи сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бе дахолат ба фаъолияти хоҷагии онҳо, назорат ва фаҳмондадиҳиро дар байни корхонаву ташкилотҳо, муассисаву идораҳо, шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт оид ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ, гази табиӣ, гармӣ, оби ошомиданӣ ва корезӣ,пардохти қарзҳо ва ҷамъоварии саривақтии ҳаққи истифодаи онҳо, ташвиқу тарғиби роҳу усулҳои истифодаи сарфакорона ва додани саривақтии ҳаққи нерӯи барқ, гази табиӣ, гармӣ, оби ошомиданӣ ва корезӣ, омода сохтани биноҳо ва иншоот ба мавсими тирамоҳу зимистон, ташкили сӯҳбатҳо дар идораву муассиса, корхонаву ташкилот, шаҳраку маҳалла доир ба масълаҳои истифодаи самараноки захираҳо ва сарфаи энергия, беҳтар намудани хизматрасониҳои муҳандисиву коммуналӣ, кушодани нуқтаҳои нави фурӯши ангишт, гази моеъ, ҳезум, захираи онҳо, таъмини манбаъҳои алтернативии энергия ва ғайраро пурзӯр карда, аз натиҷаи фаъолияти худ ба раиси шаҳри Душанбе ҳар ду ҳафта як маротиба ахборот пешниҳод намоянд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






