ҚИСМИ ХАРОҶОТИ БУҶЕТИ НОҲИЯИ РУДАКИ 103 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Октябрь 21, 2008 10:38

           Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Қисми хароҷоти буҷети ноҳияи Рӯдакӣ мувофиқи нақшаи нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ 17 миллиону 600,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 18 миллиону 152,3 ҳазор сомонӣ ё 103,1 фоиз иҷро шудааст.            Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки барои нимсолаи дуюми соли равон буҷети иловагӣ ба маблағи 570 ҳазор сомонӣ қабул гардида, маблағҳои буҷет асосан ба соҳаи маориф — 11 миллион сомонӣ барои сохтмон ва компютеркунонии мактабҳои ҳудуди ноҳия, ба соҳаи тандурустӣ — 2 миллиону 108 ҳазор сомонӣ ҷиҳати таъмир ва хариди маводи доруворӣ ва 784 ҳазору 441 сомонӣ баҳри беҳдошти соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия равона шудааст.             Аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷети ноҳия ба ҳолати 1 октябр маблағи 1 миллиону 43 ҳазору 611 сомонӣ, аз ҷумла 750 сомонӣ ба бахши ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, 602,8 ҳазор сомонӣ ба соҳаи маориф, 102 ҳазор сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ, 165,6 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва 323 ҳазор сомонӣ ба соҳаҳои дигарӣ буҷетии ноҳия хароҷот карда шуд.

Октябрь 21, 2008 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад