ҚОТИЛИ М. ОЛИМПУР БА МӮҲЛАТИ ТӮЛОНӢ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Суди Олии ҷумҳурӣ қотили корманди радиои «Би-Би-Си» Муҳиддин Олимпур — Насруллоҳ Шарифовро ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ғайр аз ин, бо ҳукми суд молу мулки Н.Шарифов мусодира карда мешавад. Худи Н. Шарифов дар ҷараёни мурофиа ба гуноҳаш иқрор шуда, зикр намуд, ки М.Олимпурро шахсан бо туфангчаи Макаров парронда куштааст. Суд номбурдаро ба амалиёти террористӣ, ташкили гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ҳуҷум ба корхонаю муассисаҳо ва шахсони алоҳида гунаҳкор намуд. Н.Шарифов мувофиқи ҳукми суд, панҷ соли аввалро дар ҳабсхона ва 10 соли боқимондаро дар маҳбаси режимаш сахт мегузаронад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Муҳиддин Олимпур 12 декабри соли 1995 дар Душанбе ҳадафи ҳуҷуми гурӯҳи террористон қарор гирифта буд. Суди Олии ҷумҳурӣ соли 2003 сокинони шаҳри Ваҳдат Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро ба қатли М. ОЛимпур гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум карда буд. Вобаста ба ҳамин ҷиноят соли 2007 шаҳрванди дигари Тоҷикистон Аслам Усмонов ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Насрулло Шарифов баъди куштори Олимпур ба Федератсияи Русия фирор карда буд. Мақомоти муҳофизи қонуни Русия ӯро дар шаҳри Санкт- Петербург барои талаю тороҷ ба мӯҳлати 7 сол ҳабс карда буданд. Мувофиқи дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон Н. Шарифов ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ супорида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






