ҲАФРИЁТИ ШАҲРИСТОНИ ҚАЛЪАИ КОФАРНИҲОН АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 4 октябр. ( АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Мутахассисони Осорхонаи миллии атиқаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ имрӯз ҳафриёти шаҳристони Қалъаи Кофарниҳонро ба охир расониданд. Директори Осорхона Саидмурод Бобомуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки мутахассисон дар ин ҷо дафъаи чорум ҳафриёт мегузаронанд. Онҳо дар давоми ду сафари гузашта қисматҳои гуногуни шаҳристонро ба навор бардошта, харитаҳои топографии онро тартиб дода, нақшаи таҳқиқоти минбаъдаро муайян намуданд. Дар сафари сеюм дар ин ҷо нишонаҳои давраи Кушониён, тангаҳо, зарфҳои сафолин ва ғайра ёфт шуданд. Мутахассисон умедворанд, ки ҳафриёти оянда дар шаҳристон натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Тарҷумон — А. Қудратов.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






