ҲАМАИ РОҲҲОИ ДАРОМАДУ БАРОМАДИ ПОЙТАХТ ТАРМИМ КАРДА ШУДАНД

Октябрь 3, 2008 10:49

               Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Бонки рушди Осиё барномаи аввали тармими роҳҳоро дар Тоҷикистон иҷро кард. Дар доираи барномаи мазкур ҳамаи роҳҳои даромаду баромади пойтахти ҷумҳурӣ ва роҳҳое ки пойтахти мамлакатро ба шаҳрҳои калони минтақа ва мамлакатҳои ҳамсоя мепайванданд, тармим ва барқарор карда шуданд. Аз намояндагии бонк дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳадафҳои асосии барнома дар бобати бештар сохтани даромад ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби кам кардани хароҷоти нақлиёт бо таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони аҳолии камбизоати деҳот, беҳтар сохтани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин беҳтар намудани сифати роҳҳо ба даст оварда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар доираи барнома 133,9 километр роҳҳои асосӣ ва 90,7 километр роҳҳои деҳот тармим карда шуданд. Дар қад-қади роҳҳо корхонаю муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои бензингирӣ, ошхона, мағозаҳо, бунгоҳҳои хизмати техникӣ ва ғайра бунёд карда шуданд. Бонки рушди Осиё барои иҷрои барнома 20,98 миллион доллар ва Ҳукумати Тоҷикистон, 2,6 миллион доллари ИМА сарф намуданд. Бонки рушди Осиё аз аввали фаъолияташ дар Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои соҳаи нақлиёт 130 миллион доллари ИМА сарф кардааст.

Октябрь 3, 2008 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид