ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ФИРИСТОДА МЕШАВАНД

Октябрь 6, 2008 08:35

Қӯрғонтеппа, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар вилояти Хатлон гурӯҳи нахустини ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда ба маҳалли хизматашон фиристода шуданд. Дар маросими гусели онҳо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилоту идораҳо, падару модарон ва аҳли ҷамъияти вилоят ширкат варзиданд. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал зимни суханрониаш изҳор намуд, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон шаъну шарафи бузург мебошад. Вазифаи муқаддаси муҳофизати ватан ба зиммаи шумо гузошта шудааст, гуфт вай. Раиси вилоят ба роҳбарони комиссариатҳои ҳарбии вилояти Хатлон супориш дод, ки маъракаи даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ ҳар чи зудтар анҷом диҳанд. Вай афзуд, ки ба масъалаҳои донишомӯзии ҷавонон ҳанӯз солҳои таҳсили онҳо дар мактаб диққати ҷиддӣ дода, ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ тайёр намудан лозим аст.

Октябрь 6, 2008 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид