23 НАФАР ҲУҚУҚШИНОС БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТИ ВАКОЛАТДОР ИҶОЗАТНОМА ГИРИФТ
Душанбе 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар нӯҳ моҳи соли 2008 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1970 лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, 907 ҳуҷҷати хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ дода, 113 санади меъёрии ҳуқуқии идоравиро ба қайд гирифт. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ вазири адлияи ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров ба хабарнигорон иброз дошт. Б. Худоёров зикр намуд, ки дар тӯли 9 моҳи охир ба 23 нафар ҳуқуқшинос барои фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома дода, 8 аризаро дар ин бора рад кард. Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 362812 адад амалиёти нотариалиро анҷом доданд, ки ин нисбат ба соли 2007 ба миқдори 45407 амалиёти нотариалӣ зиёд мебошад. «Барои амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣ ба маблағи 11 миллиону 887 ҳазору 324 сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ситонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 309 ҳазору 976сомонӣ зиёд мебошад», — идома дод вазир. Маврид ба зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба истеҳсоли иҷрочиёни судӣ 16 ҳазору 577 варақаи иҷро ворид гардид, ки аз онҳо 14 ҳазору 825 варақаи иҷро дар давраи ҳисоботӣ ба иҷро расонида шуда, 1 ҳазору 752 варақаи иҷро бе иҷро монд ва 920 варақаи иҷро бо вайрон кардани мӯҳлати муқарраргардида иҷро шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






