АҲАМИЯТИ ЯРМАРКАҲОИ КИШОВАРЗӢ

Октябрь 29, 2008 10:53

             Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев, вазорат ва раёсатҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар таъмини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон дар бозорҳои шаҳри Душанбе 21 маротиба ярмаркаҳои кишоварзӣ ташкил карданд. Дар ин ярмаркаҳо зиёда аз 1 ҳазору 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла: 380 тонна картошка, 248 тонна пиёз, 46,4 тонна сабзӣ, 13,5 тонна карам, 109 тонна сабзавот, 307 тонна мева, 27 тонна биринҷ, 8 тонна гӯшт, 59,6 тонна орд, 645 ҳазор дона тухм ба сокинони шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд, ки нисбат ба нархи бозор 25-30 фоиз арзон буд.              Гузаронидани ярмаркаҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳар ҳафта то охири сол давом дода мешавад.

Октябрь 29, 2008 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид