АНҶУМАНИ V — УМИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТӣ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Маҷмааи Давлатии «Кохи Вахдат» Анҷумани v- уми Палатаи савдо ва саноатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони палатаҳои Федератсияи Русия иштирок намуданд. Раиси палатаи савдо ва саноатӣ (ПСС) ҷумҳурӣ Шариф Саид «Оид ба фаъолияти ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2003 то 2008), ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 250 ташкилоти нав ба аъзогии палата қабул карда шуданд ва имрӯз шумораи аъзоёни палата ба 400 нафар расидааст. Дар ин муддат палата чор маротиба СД — дискҳо таҳия намуд, ки дар он ахбороти муфассал дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои амалкунандаи кишвар ва маълумот дар бораи 419 ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ ва зиёда аз 176 лоиҳаҳои барномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни халқи кишвар ҷой дода шудааст. Палата дар соли сипаригашта ба соҳибкорони тоҷик дар ҳалли масъалаҳояшон мусоидат намуда, иштироки 961 соҳибкорони тоҷикро дар намоишгоҳҳои байналмиллалии хориҷӣ таъмин намудааст. Дар давоми панҷ сол палата зиёда аз 73 намоишгоҳ гузаронидааст. Барои ташкили бомувафақияти Намоишгоҳи миллии Федератсияи Русия, Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Намоишгоҳи ярмаркаи молу маҳсулоти Қошғар дар Тоҷикистон Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифт. Инчунин, зикр гардид, ки дар ин давраи ҳисоботӣ палата 42 бизнес — форум ва 22 мизи мудаввар бо соҳибкорони мамлакатҳои Эрон, Туркия, Чин, Булғория, Афғонистон, Покистон, Русия, Польша, Чехия ва Литва гузаронида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






