АШЪОРИ ФАРЗОНАРО ДАР АНГЛИЯ НИЗ МЕХОНАНД

Октябрь 22, 2008 10:50

              Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Маркази тарҷумаи шеър ва Бунгоҳи нашрии «Энитармон-Пресс» дар Англия маҷмӯаи ашъори шоираи халқии Тоҷикистон Фарзонаро бо забони англисӣ таҳия ва нашр кард.               Ин маҷмӯа аксаран ашъори ба сабки нав сурудаи шоираро дар бар гирифта, дар ҷараёни як барномаи шеърхонӣ дар Англия ба дасти хонандагон расид.               Тазаккур додан ба маврид аст, ки шеърхонии Фарзона дар Англия дар доираи маҳфили шеърхонии «Тури шоирони ҷаон», ки аз ҷониби маркази тарҷумаи шеър дар Англия омода шудааст, дар қатори шоирони Покистон, Алҷазоир, Тунис, Амрикои Ҷанубӣ, Австралиё, Сумолӣ, Курдистон, Ироқ ва кишварҳои дигар бо забони тоҷикӣ ва англисӣ сурат гирифт. Фарзона яке аз аввалин шоири муосири тоҷик аст, ки ашъораш бо забони англисӣ тарҷума ва нашр мегардад.               Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ашъори Фарзона ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва баъзе забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудааст. Нахустин ашъори шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона соли 1991 таҳти унвони «Тулӯи хандарез» ба табъ расида, минбаъд маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номҳои «Шабехуни барқ», «Ояти ишқ», «То бекаронаҳо» ва «Қатрае аз Мӯлиён» дар Тоҷикистон, инчунин ду маҷмӯаи дигараш — «Паёми ниёкон» ва «Сӯзи нотамом» дар Эрон чоп шудаанд. 

Октябрь 22, 2008 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд