БӮҲРОНИ МОЛИЯВИИ ҒАРБ БА ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲОИ ҶТ ТАЪСИР НАМЕРАСОНАД
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Тавре хабар дода шуда буд, айни ҳол системаи молиявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва баъзе мамлакатҳои Аврупоро бӯҳрони шадиди молиявӣ фаро гирифтааст. Дар ин мамлакатҳо барои бартараф сохтани бӯҳрон тадбирҳо андешида мешаванд. Бар асари бӯҳрони молиявӣ бонкҳои калонтарини ИМА ва Аврупо зарари калон дида, бонкҳои дигари нисбатан хурд муфлис гардиданд. Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бӯҳрони мазкур ба системаи молиявии мамлакати мо бевосита таъсир намерасонад, зеро сармояи бонкҳои мамлакати мо дар бозори молиявии ин мамлакатҳо ва дар баробари ин сармояи ин мамлакатҳо вобаста ба доираи маҳдуди бозори дохилии пул дар ҷумҳурии мо истифода карда намешаванд. Қайд карда шуд, ки бар асари бӯҳрони молиявии мамлакатҳои ғарб танҳо арзиши пасандозҳои бо асъори хориҷӣ дар бонкҳо гузошташуда ба андозаи ночиз тағйир ёфта метавонад. Бинобар ин соҳибони пасандозҳо ни Бонки миллӣ ба мизоҷони худ маслиҳат медиҳанд, ки барои пешгирии ҳар гуна таҳдидҳо пасандозҳои худро дар бонкҳо бо пули миллӣ гузоштан беҳтар аст








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






