БАҲРИ РИОЯИ ТОЗАГИЮ ОБОДОНИ ДАР ПОЙТАХТ ТАДБИРҲОИ МУШАХХАС АНДЕШИДА МЕШАВАД

Октябрь 16, 2008 16:17

            Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар давоми 9 моҳи соли равон дар пойтахт 2 ҳазору 135 нафар сокинон барои риоя накардани вазъи сантираию экологӣ ва ободонӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқию маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо ба маблағи беш аз 70 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд, зикр кард, зимни баррасии масъалаи рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр Душанбе «Дар бораи вазъи санитарӣ- экологӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва чораҳои беҳбуд бахшидани онҳо дар пойтахт» сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт Баҳром Маҳмадалиев дар иҷлосияи шаҳрӣ.              Мавсуф яке аз сабабҳои асосии риоя нагардидани вазъи санитарию экологӣ ва ободонии пойтахтро дар маърифати пасти шаҳрвандон арзёбӣ карда, гуфт, ки дар ин самт бояд баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва пурзӯр намудани корҳои оммафаҳмонию тарғиботӣ дар пойтахт ҷоннок гардонида шавад. Дар пойтахт бо вуҷуди оне, ки реҷаи партовбарорӣ аз соати 17 -и рӯз то 6 субҳ муайян карда шудааст, аммо на ҳамаи корхонаю муассисаҳо ва сокинони пойтахт онро риоя мекунанд, балки бе масъулияти зоҳир менамоянд. Ба андешаи Б.  Маҳмадалиев сол то сол ҳаҷми партов дар пойтахт бо назардошти зиёд гардидани шумораи аҳолӣ меафзояд. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар пойтахт беш аз 27 ҳазор метри куби партов афзоиш ёфтааст. Ин тамоюл сохторҳои марбутаи пойтахтро водор месозад, ки барои баровардани партовҳои сахти маишии аҳолӣ техникаю мошинҳои нави партовпартоӣ харидорӣ намоянд. Дар иртибот дар давоми солҳои 2007-2008 16 адад мошинҳои партовбарорӣ харидорӣ шуданд.             Роҷеъ ба масъалаи мазкур вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Пиров, Ҳамидуллохон Фақиров, Бобишо Шоев ва чанде дигарон ибрози назар карда, доир ба беҳдошти вазъи санитарию экологӣ ва ободонии пойтахт пешниҳодҳои судманд баён карданд.

Октябрь 16, 2008 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд