БАРҚ ДАР ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ

Октябрь 8, 2008 16:33

        Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Ҳиссаи қувваи барқ дар гардиши савдои хориҷӣ 3,3 фоизро ташкил кард. Аз рӯи маълумоти таъҷилии Ширкати давлатии саҳомии Холдингии «Барқи тоҷик» дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ содироти қувваи барқ 3251,8 млн. кВт. соат ё 44,2 млн. долларро ташкил дод. Гуфтан ҷоиз аст, ки воридоти қувваи барқ 3680,2 млн. кВт.соат ё 60,0 млн. долларро ташкил кард. Ба тарзи дигар агар гуфтан ҷоиз бошад, воридоти қувваи барқ аз содироти он 35,6 фоиз ё 15,8 млн. доллар зиёд аст. Шарики асосии тиҷоратӣ оид ба амлиёти содироту воридоти қувваи барқ бо Тоҷикистон Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Дар моҳҳои январ – августи соли ҷорӣ воридоти қувваи барқ 2769,6 млн. кВт. соат буда, маблағи он баробари 41,5 млн. доллар мебошад.

Октябрь 8, 2008 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид