БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 6 октябр ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Мардуми Тоҷикистон аз хабари ба амал омадани зилзилаи сахт дар мамлакати Шумо ва дар натиҷаи он қурбон гардидани одамон ва ҳисороти зиёди молии ин фалокати табиӣ сахт андӯҳгин гардид. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ аз Шумо хоҳишмандам аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ва осебдида ҳамдардии самимонаи моро расонед. Ҳукумати Тоҷикистон тайёр аст дар рӯҳияи анъанаҳои чандинасраи дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва дастгирии ҳамдигар ба халқи бародари қирғиз то ҳадди имкон кӯмаки башардӯстона расонад».








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






