БАРОИ ТАЛАБАГОНИ СИНФИ ЯКУМ ТАНҲО ОМӮХТАНИ АЛИФБО КИФОЯ НЕСТ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Номзади илмҳои омӯзгорӣ Адиба Алиева дар давоми 8 соли охир дар мавзӯи «Асосҳои педагогии истифодаи технологияи муосир дар таълими хату савод дар мактабҳои Тоҷикистон» таҳқиқот мебарад. Вай аз ҷумла менависад, ки дараҷаи донишу малака ва маҳорати талабагони синфи якум баъди омӯхтани китоби Алифбо дар ҳудуди хондану навиштан маҳдуд мегардад. Муҳаққиқ хулосаҳои илмии худро дар гимназияи хусусии «Душанбе», мактабҳои миёнаи №№7,10,78 – и шаҳри Душанбе, № 53 ноҳияи Ҳисор ва №82 – и ноҳии Рӯдакӣ дар амал озмуд. Аз таҷрибаи ин мактабҳо чунин хулоса бароварда мешавад, ки роҳу усулҳо ва воситаҳои таълими хату савод дар давоми ним соли таҳсил бештар густариш ёфта ва такмил дода мешавад. А. Алиева дар мақолаи худ зикр мекунад, ки айни ҳол дар мактабҳо омӯзиши хату савод аз рӯи усулҳои тақлид ба овозҳо ва таҳлилу муносибатҳои умумӣ ба ҷараёни таълими савод ба роҳ монда шудаааст, вале на ҳамаи муаллимон аз усулҳои беҳтарин ва пешқадами таълими хату савод самарабахш истифода бурда метавонанд. Муаллим бояд дар ҷараёни таълим пеш аз ҳама ба нутқи мантиқии талабагон диққат дода, калимаҳоро мувофиқи талаботи забони адабӣ, ифоданок, аниқ ва мантиқӣ баён карда тавонад. Дар ин бобат ба муаллимон техникаи компютерӣ кӯмаки калон мерасонад. Тавсияҳои Адиба Алиева ба омӯзгорон кӯмак мерасонад, ки барои таълимии хату савод ва малакаи хондани китоб ба талабагон аз усулҳои пешқадами ҳозиразамон истифода баранд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






