БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов дар мавзӯи тезонидани суръати сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун машварат баргузор гардид. Дар он намояндагини Бонки ҷаҳонӣ тадқиқоти худро оид ба ташкили консорсиуми байналхалқӣ, манбаъҳо ва усулҳои сармоягузорӣ, беҳтар намудани иштироки созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва кишварҳои алоқаманд дар консорсиуми таъсисёбанда пешниҳод намуданд. Изҳор карда шуд, ки дар замина тадқиқот идома дорад ва натиҷаҳои он соли оянда дар ду давра пешниҳод карда мешаванд. Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мулоҳизаҳояшонро роҷеъ ба пешниҳодҳои Бонки ҷаҳонӣ баён намуданд. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Маъруф Сайфиев ва дигарон дар бораи паҳлӯҳои мухталифи сохтмони НБО «Роғун» сухан ронданд. Муовини аввали сарвазир Асадулло Ғуломов таъкид намуд, ки нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» сохтмони нав нест. Барои бунёди он ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ садҳо миллион доллари амрикоӣ сарф гардида буд. Иншооти мазкур барои истеҳсоли нерӯи барқ ва обёрии заминҳои минтақа аҳамияти калон дорад. Бинобар ин ҳарчи зудтар ба истифода додани он аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад ва ба манфиати ҳамаи мамлакатҳои минтақа мебошад. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ тасмим гирифтанд, ки тадқиқоти пешниҳоднамудаи Бонки ҷаҳониро муфассал омӯхта, фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи проблемаҳои мавҷуда, таҳияи санадҳои асоснокии илмию техникии иншооти зикршуда ва низомномаи консорсиуми ташкилёбанда пешбарӣ намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






