БАЪЗЕ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО НИСБАТ БА СУҒУРТА ҲАВАСМАНД НЕСТАНД

Октябрь 17, 2008 09:17

            Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Баъзе вазорату идораҳи ҷумҳурӣ нисбат ба суғурта намудани корхона ё кормандони он беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, вале ҳангоми рухдодани ҳодисаи нохуше, ба ширкати «Тоҷиксуғурта» ҷиҳати кӯмак муроҷиат мекунанд, ки аз бевиҷдонии онҳо дарак медиҳад», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров, 16 октябр ба хабарнигорон.              Ӯ афзуд, ки яке аз чунин ташкилотҳо Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик эйр» мебошад, ки чор сол боз маблағи суғуртавие, ки дар фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ зам шудаанд, ба буҷаи «Тоҷиксуғурта» намепардозад. Ҳаҷми умумии ин маблағҳо 4996 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.          «Бояд қайд кард, ки тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2001 бояд ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ бо суғурта фаро гирифта шаванд, аммо ба кадом вазорат ё идорае ҷиҳати суғуртакунонӣ муроҷиат намоем баҳона пеш меоранд, ки барои суғуртакунии корхона ё кормандони он аз буҷаи мамлакат маблағ ҷудо нашудааст», — идома дод М. Сафаров.            Маврид ба зикр аст, ки агар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ пардохтҳои суғуртавиро саривақт анҷом диҳанд имконияти дар вақти зарурӣ пардохтани товони зарар пайдо мегардад ва инчунин, маблағҳои буҷаи давлат ба соҳаҳои зарурии хоҷагии халқ масраф мегарданд.

Октябрь 17, 2008 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар