БАЗМИ ФАЛАКХОНИ БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛИ РАҲМОН

Октябрь 18, 2008 15:18

Имрўз дар бинои собиқ  кинотеатри Тоҷикистони пойтахт, ки  баъди таъмиру  тармим ва азнавсозӣ  номи кохи Тоҷикистонро гирифтааст, бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  базми бошукўҳи фалакхонӣ баргузор гашт.Месазад таъкид намуд, ки  маҳз  бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  санъати фалакхонӣ ба қатори ҳунарҳои  касбии овозхонӣ шомил гашта, ансамбли  «Фалак» мақоми давлатӣ гирифт ва баҳри ривоҷу равнақи он ки  аз қаъри  асрҳо аз шебу фароз ва таъкибу тазйиқҳои бешумор гузашта ба рўзҳои мо расидааст, ҳар сол 10 октябр рўзи санъати фалак расман таҷлил мегардад.Дар базми имрўзаи фалакхонӣ ҳунармандони шинохтаи ансамбли давлатии «Фалак» ва ҳунарпешагони касбию ҳаваскор аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои Афғонистону Эрон иштирок намуда, бори дагир собит  намуданд, ки фалак як навъ санъати  воло ва дорои таърихи рангину кўҳани миллати фарҳангпарвару бостонии тоҷик астСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳунармандони афғону эронро, ки  маҳорати  баланди  фалаксароӣ нишон  доданд, бо хушнудӣ мушоҳида карда, ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда  дар Тоҷикистон озмуни  байналмилалии фалаксароӣ ба роҳ монда шавад ва натиҷаҳои он дар  рўзи фалак 10 октябр ҷамъабаст гардад.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчуни ба маҳорати баланд ва истеъдоди нотакрори духтараки нобинои фалаксаро  Матлуба Раҳимова, ки аз ноҳияи Ёвон омадааст, баҳои баланд дода, ба роҳбарияти  Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки ўро таҳти сарпарастӣ ва таълиму тарбияи худ қарор бидиҳанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 18, 2008 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад