БОНКИ МИЛЛИ ҚАРЗИ ХБА-РО ТО МОҲИ ФЕВРАЛИ 2009 ПУРРА БАРМЕГАРДОНАД
Душанбе. 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Бонки миллии Тоҷикистон бо иқтидори худ имрӯз метавонад ба он сохторҳое, ки ба вазъи ногувор дучор шаванд, кӯмак расонад. Мо омодаем, ки қарзи Хазинаи байналмилалии асъорро баргардонем», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода. Ӯ афзуд, ки аз 47 миллион қарзи Хазинаи байналмилалии асъор, мо имрӯз 15 миллионашро баргардонидем ва мӯҳлати баргардонидани пурраи маблағи дигар то моҳи феврали 2009 дар назар дошта шудааст. «Бонки Миллии Тоҷикистон бонки фоидагир нест, мақсадаи бонк таъмири устувори қобилияти пули миллӣ аст. БМТ бояд кӯшиш кунад, ки таваррум боло наравад. Тавре маълум аст қурби пули миллӣ устувор шуд. Дар ин давра мо тахминан 210 миллион доллар аз муомилот гирифтем. Ва ин маблағро барои карзҳое, ки БМТ гирифта буд, пардохт намудем. Имрӯз захираҳои Бонки мазкур тахминан 180 милионро ташкил мекунанд. Вазъи имрӯзаи молиявии БМТ нисбат ба ҳамин давраи охири соли гузашта нисбатан хуб аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






