«БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН» – БОНКИ АВВАЛИНИ ТОҶИКИСТОН, КИ БА АЪЗОГИИ ВАСЕЕ ШОМИЛ ШУД

Октябрь 15, 2008 14:00

               Душанбе, 15 октябр. (НИАТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). -Байни Ассосиатсияи Бонкии мамлакатҳои Авропаи Марказию Шарқӣ ва Ҷамъияти саҳомии пӯшида (ҶСП) «Бонки рушди Тоҷикистон» аҳднома оиди ҳамкорӣ ба имзо расид. Бояд қайд намуд, ки ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» аввалин Бонки Тоҷикистон аст, ки ба аъзогии ВАСЕЕ қабул шуд.               Шомил шудани ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ба аъзогии ВАСЕЕ вусъатёбӣ ва таҳкими муносибатҳои кориро байни бонкҳо-аъзоҳои Ассосиатсияи Бонкии мамлакатҳои Авропаи Шарқӣ ва Марказӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак, табодули таҷрибаи бадастомада ва маълумот оиди навовариҳо дар ташкил додани фаолияти бонкӣ дар бозори молиявӣ ва арзии мамлакатҳои чун аъзои ВАСЕЕ муаррифишударо, дар назар дорад. Ғайр аз ин, аъзои ВАСЕЕ будани Бонк дастрасӣ ба манбаҳои маблағҳои ҷалбшавандаи бозори беруниро осон менамояд.              ВАСЕЕ соли 1996 таҳсис ёфта, мақсади он густариш додани муносибатҳои бонкҳо-аъзоҳоро бо ширкатҳои молиявии Аврупои Марказӣ ва Шаркӣ мебошад.

Октябрь 15, 2008 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад