БОРКАШОНӢ ЗИЁД ШУД

Октябрь 2, 2008 10:08

Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати боркашонии роҳи оҳани Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар моҳи январ -августи соли 2008 дар нақлиёти роҳи оҳан ба 15,4 ҳазор вагон мол бор карда, 59,8 ҳазор вагон аз бор холӣ карда шудааст. Ҳамаи борҳо мувофиқи ҷадвал фиристода шуданд Дар давраи ҳисобот гардиши вагони боркаш 1,54 шабонарӯзро ташкил додааст, ки аз сатҳи соли гузашта 9,2 фоиз зиёд аст. Маҳсули кори локомотив 681 ҳазор тонна км. брутто – ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ – августи соли 2007 1,6 фоиз кам аст. Вазни миёнаи қатора ( брутто ) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 фоиз зиёд шуд.

Октябрь 2, 2008 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид