БУРДУ БОХТИ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ РУДАКИ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ ҶОРИ

Октябрь 21, 2008 10:37

           Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 31 миллиону 750 ҳазору 812 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 64 ҳазор сомонӣ зиёд аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи мазкур Мансур Қодиров 20 октябр, ба хабарнигорон.            Ӯ афзуд, ки ҳаҷми умумии гардиши мол дар ноҳия якҷоя бо аҳолӣ 220 миллиону 105 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 миллиону 559 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, ҳаҷми чаканаи мол дар сохтори ҷамъиятӣ ба 3 миллиону 464 ҳазор сомонӣ баробар аст, ки назар ба нӯҳ моҳи соли 2007 929 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.            Барои сохтмони асосӣ,таъмир ва дигар корҳои ободонию сохтмонӣ дар ин давра 7 миллиону 177 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 750 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети муттамарказ истифода шуда, 16 ҳазору 840 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд, ки мутаносибан назар ба соли гузашта 11 фоиз зиёд аст.            Дар фарҷом раиси ноҳия ва муовинону сардорони раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.

Октябрь 21, 2008 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид