ДАНҒАРА ПЕШСАФИРО НИГОҲ ДОШТ

Октябрь 30, 2008 11:19

                 Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 27 октябр ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон яке аз аввалинҳо шуда дурнамои истеҳсоли ҷамъоварии пахтаро иҷро намуд.                 Деҳқонон ва фермерҳои ноҳия аз камбудиҳои соли 2007 хулосаи даркорӣ бароварда, аз ибтидои соли ҷорӣ корро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монданд. Натиҷааш ин буд, ки рӯзи 27 октябр деҳқонон ва фермерҳои ноҳия дар асоси дурнамои истеҳсолӣ ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро намуданд.                 Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамаи роҳбарони хоҷагиҳои деқонӣ ва фермерҳоро бо ин дастовардҳояшон, ки беш аз 6 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, табрик намуданд. Роҳбарони ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба пешқадамони хоҷагиҳои пахтакор тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.                 Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ кишти баҳорӣ аз ҳамин ноҳия ибтидо ёфт ва пахтакорони ноҳия дар назди ҳампешагони худ аз омодагии хуб ба кишти баҳорӣ ҳарф заданд. Ин буд, ки деҳқонони ростқавл то охир дар иҷрои ваъдаи худ содиқ монданд.  

Октябрь 30, 2008 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид