ДАР ҶАМОАТИ ЗАРБДОР БЕПУЛ ДОРУ МЕДИҲАНД

Октябрь 8, 2008 16:47

          Душанбе, 8 октябр. (АМИТ "Ховар", Наргис Бойахмедова). Имрӯз дар доираи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар ҷамоати Зарбдори ноҳияи Кӯлоб Маркази саломатӣ кушода шуд. Директори он Абдукарим Шехов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки кормандони марказ ба бештар аз 2 ҳазор сокини деҳаҳои ҷамоат хизмати аввалияи тиббӣ мерасонанд. Барои сохтмони бинои маркази саломатӣ 30 ҳазор доллари ИМА ва барои харидани таҷҳизоти зарурӣ аз Ҳиндустон ба Малайзия 6 ҳазор доллари ИМА сарф шуд. Дар ноҳияи Кӯлоб ояндаи наздик боз 9 маркази тиббӣ кушода мешавад. Бояд гуфт, ки дар давраи аввал дар ин марказҳои саломатӣ ба беморон бепул дору дода мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки имрӯз гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳурӣ дар доираи барномаи Бонки Рушди Осиё дар минтақаи Кӯлоб бо ҷараёни иҷрои барномаю нақшаҳои соҳаи тандурустӣ шинос мешаванд. Ба онҳо намояндаи доимии бонки мазкур дар Тоҷикистон Макото Адзиро роҳбарӣ мекунад.

Октябрь 8, 2008 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид