ДАР 9 МОҲ ДАР ҶТ 11445 МЛН КВТ СОАТ НЕРӮИ БАРҚ ИСТЕҲСОЛ КАРДА ШУД

Октябрь 23, 2008 13:56

                 Душанбе, 23 октябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар давоми нӯҳ моҳи гузашта маълумот дод. Вай зикр кард, ки корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика ва саноати ҶТ фаъолияташонро баҳри қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумурӣ равона карданд.                Вай зикр кард, ки истеҳсоли умумии нерӯи барқ дар давоми нӯҳ моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 11445,093 миллион кВт соатро ташкил дод, аз ҷумла дар НБО- 11254,395 миллион кВт.соат ва дар Маркази барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе (МБГ) 190,7 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2007 мутаносибан 86,5-фоиз, 86,3-фоиз, 100,2 фоизро ташкил дод. Яъне нӯҳмоҳаи ҳисоботӣ 1782,91 миллион кВт.соат нерӯи барқ камтар дар нерӯгоҳҳои барқию обӣ истеҳсол шудааст.                Сабаби асосии нисбати соли гузашта паст шудани нишондиҳандаи истеҳсоли барқ сардиҳои даҳаи аввали моҳи январ ва кам шудани захираҳои энергетикӣ (об)ба обанбор ба ҳисоб меравад.Истеҳсоли нерӯи гармӣ бошад 336,0 ҳазор Гкалро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2007-98,3 ҳазор Гкал камтар аст.                Мутобиқи Созишномаи ба имзо расидаи байнидавлатӣ бо мақсади таъмин аҳолӣ бо нерӯи барқ, дар аввали моҳи октябри соли ҷорӣ ширкати энергетикӣ дар ҳаҷми 2126,27 миллион кВт.соат нерӯи барқро ба ҷумҳурӣ ворид намуд, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон — 505,425 миллион кВт соат, Ҷумҳурии Қазоқистон -21,115 миллион кВт.соат,Ҷумҳурии Қирғизистон — 88,38 миллион кВт.соат, Ҷумҳурии Туркманистон — 801,073 миллион кВт.соат (барои КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик», ҶСК «Сангтӯда-1») -710,283 миллион соатро ташкил дод. Ҳаҷми содирот бошад, дар ин давра 1012,48 миллион кВт.соатро ташкил дод, аз он ҷумла, ба Ҷумҳурии Афғонистон — 30,916 миллион кВт.соат, Ҷумҳурии Қазоқистон 19,12 миллион кВт.соат, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 901,128 миллион кВт.соат, Ҷумҳурии Қирғизистон — 52,044 миллион кВт.соат ва ШСК «ПомирЭнержи» 9,27 миллион кВт.соат мебошад, гуфт дар хотима Г.Шералӣ.

Октябрь 23, 2008 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид